РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Донишгоҳи давлатии Данғара барои беҳтарин саҳмгузорон дар таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 50 грант ҷудо менамояд

Раёсати Донишгоҳи давлатии  Данғара барои ҳавасмандгардонии беҳтарин натиҷагирӣ дар истифодаи самараноки  қитъаҳои замини  наздиҳавлигӣ барои омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни муваффақ зиёда аз 50 грант ҷудо менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.

Ба ин муносибат 27 октябри соли равон  дар Донишгоҳи давлатии Данғара баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва  гирифтани ду-се ҳосил аз он  аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва расонидани ёрии амалии донишҷӯён ба падару модар намоиши дастоварҳо дар ин самт баргузор мегардад.

Тибқи низоми муайянгардида,  ҳар як корманд, омӯзгор ва донишҷӯи Донишгоҳ  бо истифода аз варақаи махсус  корҳои ба сомон расонидашуда дар самти истифодаи оқилонаи замин, аз ҷумла татбиқи технологиҳои навин ва гирифтани якчанд ҳосил аз онро муаррифӣ менамояд.

Дар намоиши мазкур омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва волидайни онҳо, сокинони ноҳия ва олимони донишгоҳ, ки дар якҷоягӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул шудаанд, метавонанд ширкат варзанд.

Бояд гуфт, ки қадами аввал аз ҷониби олими соҳаи кишоварзии Донишгоҳ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Даврон Музафарзода гузошта шуд.  Китоби ў таҳти унвони  «Агротехнологияҳои навини истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ дар шароити Тоҷикистон: дар мисоли вилояти Хатлон» таҳия ва чоп гардид, ки бо истифодаи мазмуну муҳтавои он тайи моҳҳои феврал ва марти соли 2022 тренингҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки донишҷӯён, кормандони ҷамоатҳои деҳот ва раисони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ гузаронида шуд.

Баъди ҷамъбасти намоишгоҳи мазкур тафсилоти бештар пешниҳод мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram