РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар таҷлили Рӯзи Самарқанд иштирок мекунанд

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Узбекистон 18-уми октябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Самарқанд таҷлил мешавад. Ба ин муносибат имрӯз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар ба Самарқанд рафтанд. Дар ин бора сомонаи рӯзнмоаи «Овози Самарқанд» хабар дод.

Ҳайати кишвари моро ҳокими шаҳр Фазлиддин Умаров, раиси Маркази тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов пешвоз гирифтанд.

Меҳмонон дар чорабиниҳои бахшида ба рӯзи Самарқанд иштирок намуда, сафари худро бо гулчамбар гузоштан ба пойи ҳайкали Амир Темур ва ифтитоҳи меҳмонхонаи «Зарафшон» оғоз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram