РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДТТ: дар мавзуи “Масъалаҳои рушди илми назарияи иқтисодӣ дар шароити муосир” ҳамоиш баргузор шуд

18 октябр дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо саъю кӯшиши кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзуи “Масъалаҳои рушди илми назарияи иқтисодӣ дар шароити муосир” семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, муҳиммияту мубрамияти мавзуи матраҳшударо дар замони муосир таъкид намуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Сипас, профессор Исоматов Б. И., дотсент Юнусова М. М., мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ Тӯйчиқулов З. Ҷ. ва дотсент Машокиров Ҷ. Н. дар мавзуъҳои “Рушди илми назарияи иқтисодӣ”, “Моҳият, сохтор ва мутаносибии макроиқтисодӣ”, “Муҳиммияти тафаккури иқтисодӣ дар шароити муосир” ва “Асосҳои назариявию амалии баланд бардоштани меъёри сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карданд.

Инчунин, дотсенти кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Зайнуддинов С. ва муаллими калони ҳамин кафедра Сангинов Ҳ. зимни музокира дар доираи мавзуи зикргардида фикрҳои судманд баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram