РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Намоишгоҳ- ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» баргузор мешавад

Аз 27 то 30 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ширкатҳо аз Тоҷикистон, Россия, Узбекистон, Олмон, Покистон, Эрон ва Туркия ширкат мекунанд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои молистеҳсолкунанда ва хизматрасонии ватаниро барои ширкат дар намоишгоҳ ва муаррифии молу махсулоти худ  даъват мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram