17 октябри соли 2022 дар ҳошияи Конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Раёсати зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои кунунӣ миёни Тоҷикистон ва Раёсати зиддитеррористии СММ-ро, дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм ва мудирияти сарҳад баррасӣ намуданд.