18 октябри соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он рафти таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар машварати корӣ муовини Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳамчунин раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машваратро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар вилоят маъракаи даъвати ҷавонон идома дорад.
Сипас, вобаста ба рафти таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2022 комиссари ҳарбии вилоят Мирзозода Давлатшо гузориш дод. Мавсуф таъкид кард, ки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти мамлакат ва қарори дахлдори Раиси вилоят ҷараён гирифта, то имрӯз нақшаи даъват 45 фоиз иҷро шудааст. Қайд карда шуд, ки хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як ҷавонмард буда, ҷавонон бо эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ва ба халқу Ватан барои хизмат омодагии худро изҳор дошта, ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда истодаанд.
Раиси вилоят бо таҳлили вазъ аз комиссари ҳарбии вилоят ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда супоришҳо дод.