РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: барои ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 246 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

Барои ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон 246 ҳазор сомонӣ ҷудо мегардад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят хабар доданд.

Ба даври дуюми озмун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 4984 нафар иштирокчиён роҳхат гирифтаанд. Аз 17 то 21 октябр дар шаҳри Бохтар ва аз 24 то 27 октябр дар шаҳри Кӯлоб неруи зеҳнии иштирокчиён санҷида шуда, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Дар расми ифтитоҳи даври вилоятии озмун муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода, адибон, роҳбарони раёсату муассисаҳои марбута ва ғолибони даври шаҳрӣ-ноҳиявии озмун иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимону донишмандон, шоирону нависандагон ва муҳаққиқон  таркиб ёфта, ба донишу маҳорати иштирокчиён баҳо мегузорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram