17 октябр дар Толори калони Хонаи синамогарони шаҳри Москва бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия филми тоҷикии бадеии «Дов» («Фортуна») ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсит Россия хабар доданд.
Намоиши мазкур бахшида ба солгарди 93-юми синамои тоҷик бо ташаббуси киностудияҳои давлатии Тоҷикистон «Суғдсинамо» ва «Тоҷикфилм», инчунин бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва ва Иттифоқи синамогарони Россия танзим гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони санъату фарҳанг, ВАО, инчунин донишҷӯён ва дӯстдорони синамо ширкат варзиданд.
Қабл аз оғози намоиш ҳайати коргардонҳо ва ҳунармандони филм ба намояндагони ВАО роҷеъ ба мазмуну моҳият ва ҳадаф аз таҳияи филми мазкур маълумоти муфассал доданд.