РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз меёбад

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз мегардад. Дар ин давр 316 нафар ғолибон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат иштирок мекунанд, ки аз ин теъдод 167 нафар сароянда, 131 нафар навозанда ва 18 нафар композитор (оҳангсоз) мебошанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз ҳайати ҳакамон ба маҳорати эҷодии иштирокчиёни номинаи навозандагӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва иштирокчиёни номинаҳои сарояндагӣ ва композиторӣ дар Театри давлатии опера ва балети баҳо мегузоранд.

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур аз рӯи се номина- композиторӣ, навозандагӣ ва сарояндагӣ ва ду рӯйи синн: аз 12 то 17 ва аз 18 то 40-сола то 25 октябр идома меёбад.  Маросими супоридани мукофоту ҷоизаҳо ба ғолибони даври ниҳоии озмун ва барномаи калони фарҳангӣ бо иштироки ғолибони даври ниҳоӣ 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.

Соли равон ба низомномаи озмун танҳо як тағйирот ворид шудааст, ки ин ба раддабандии синну солӣ рабт дорад. Яъне дар номинаи композиторӣ нафарони аз 18 то 40 – сола иштирок карда метавонанд. Зеро композиторӣ яке аз жанрҳои душвор ба шумор меравад ва онро танҳо дорандагони маълумоти ин соҳа иҷро карда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram