РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Форуми миллӣ баргузор шуд

19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 10-солагии Рӯзи байналмилалии духтарон намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Форуми миллии «UPSHIFT/Tech4Development»-ро баргузор намуд, ки он ба ҷалби наврасону ҷавонон, хусусан духтарон ба раванди ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли инноватсионӣ баҳри дигаргуниҳои иҷтимоӣ тавассути соҳибкории иҷтимоӣ, технологияҳои иттилоотӣ, инчунин, фароҳам овардани имконияти шуғли минбаъда дар соҳаҳои мазкур бахшида шуда буд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи Форум дар шаҳри Душанбе наврасону ҷавонон аз саросари кишвар ҷамъ омада, лоиҳаҳои инноватсионии худро дар самти соҳибкории иҷтимоӣ намоиш доданд.

Дар рафти Форум таъкид гардид, ки соли 2017 дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Барномаи рушди малака ва лаёқати наврасон таҳия гардид ва дар 21 маркази таҳсилоти иловагӣ Озмоишгоҳи инноватсионӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки айни замон дар онҳо 28 ҳазор нафар наврасону ҷавонони кишвар ҷиҳати амалинамоии 252 лоиҳа фаъолият намуда истодаанд.

Ҳадафи асосии барномаҳои Озмоишгоҳ ин рушди малакаҳои асри 21, малакаҳои рақамӣ ва тайёрӣ ба зиндагии мустақил тавассути барномаҳои муосир барои наврасон ва ҷавонон бо мақсади таъсири иҷтимоӣ бо пешниҳодсозии тайёрии зарурии касбӣ, захираҳои молиявӣ ва роҳнамоӣ мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram