Рӯзҳои 18-19 октябр дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аввалин Форуми адибони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар он намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат варзиданд.
Аз ҷумла дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистон Зуҳриддин Умаров, хабарнигори рӯзномаи «Халқ овози» ва радиои «Овози тоҷик» низ иштирок дошт.
Дар маросими кушодашавии аввалин Форуми адибони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, Қаҳрамони Ӯзбекистон, адабиётшуноси барҷаста Иброҳим Ғафуров ва дигар шахсон иштирок намуда, иброз доштанд, ки ин ҳамоиш барои рушди муносибатҳои дӯстиву бародарии кишварҳои минтақа, беҳтару хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои адабӣ ва тарғибу ташвиқи адабу фарҳанги ҳамдигар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар форум таъкид шуд, ки дӯстиву бародарии адибони барҷастаи ӯзбеку тоҷик, ба мисли Ғафур Ғулом, Ойбек, Шароф Рашидов, Зулфия, Абдулло Орифов, Эркин Воҳидов бо Мирзо Турсунзода, Мӯмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ маҳз дар заминаи вохӯриву мулоқотҳои эшон дар чунин ҳамоишҳои ба вуҷуд омадаанд.
Изҳори умед карда шуд, ки иштирокдорони ин ҳамоиш низ бо ҳамсолони худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ин форум дӯстӣ барқарор намуда, минбаъд дар тарғиб, ташвиқ ва тарҷумаи асарҳои ҳамдигар ба забонҳои дигар кӯшиш менамоянд
Зуҳриддин Умаров дар баромади худ иброз дошт, ки солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯст — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд. Натиҷаи ин ҳамкориҳоро дар соҳаи адабиёт низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, дар ду давлат рӯзҳои фарҳангӣ баргузор гардида, дар доираи он вохӯрии адибони ҳар ду кишвар ташкил карда шуд.
Дар шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд муҷассамаҳои Ҷомӣ ва Навоӣ гузошта шуданд.
Ҳамчунин, солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Тошкент ва солгарди Қаҳрамони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов дар Душанбе баргузор гардиданд.
Дар кори форум қироати шеър аз ҷониби иштирокдорон ва дарсҳои маҳорат аз ҷониби шоиру нависандагони барҷаста сурат гирифт.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокдорон, аз ҷумла намояндаи Тоҷикистон Зуҳриддин Умаров низ бо сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.