РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

5 нафар аз Тоҷикистон тариқи грант ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» дохил шуданд

Аз Тоҷикистон 5 нафар тариқи грант ба зинаи магистратураи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Узбекистон  ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, гранти мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории муштарак бо Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи сайёҳӣ ҷудо гардид. Довталабон дар зинаи магистратураи донишгоҳи мазкур як сол таҳсил мекунанд.

Яке аз ҳадафҳои олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти тақвияти неруи инсонӣ дар соҳаи сайёҳии мамлакат, бахусус таъмини кадрҳои баландихтисоси ҳайати идоракунӣ ва хизматрасонӣ- ин ташкили омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосир омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем».

Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва дар таъсиси ҷойҳои корӣ имконияти бештар фароҳам меорад.

Дар тамоми ҷаҳон ба тайёр кардани кадрҳо барои тиҷорати сайёҳӣ диққати ҷиддӣ равона мегардад. Зеро барои тиҷорати сайёҳӣ кадрҳои соҳибихтисос хеле муҳиманд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram