РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

МЕТРО ДАР ДУШАНБЕ. Завқӣ Завқизода бо ҳамтоёни кореягӣ асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони онро баррасӣ намуд

17-19 октябр ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо ҳамтоёни кореягии худ вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо  асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқӣ Завқизода бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Cон Ҳюк-Санг, Президенти Агентии пешбурди савдою сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ (KOTRA) Ю Ҷонг Йол, Роҳбари кумитаи махсуси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Сух Бюнгсу, роҳбарияти Бонки содиротию воридотӣ (EXIMBANK), Вазорати савдо, саноат ва энергетика ва ширкати роҳи оҳани миллӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ, нассоҷӣ, панелҳои офтобӣ, истихроҷи маъдан, рақамикунонии иқтисодиёт, сохтмони IT Park, моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор намуд.

Зимни мулоқот З.Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ мунтазам рушд ёфта, Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар 5 соли оянда дохил карда шуд.

Дар вохӯрӣ бо директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи Ҷанубӣ таъмини иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳуми баимзорасида оид ба асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе таъкид карда шуда, дархост гардид, ки ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи оғози гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии ин лоиҳа аз ду соли пешнибинишуда то ба як сол кӯтоҳ карда шавад.

Зимни мулоқот бо Президенти KOICA барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси намояндагии доимии KOICA дар Тоҷикистон миннатдорӣ баён гардид. Ҳамзамон дархост шуд, ки дар вазъи мураккаби глобалии иқтисодию молиявии имрӯза маблағгузориҳои лоиҳаҳои Тоҷикистонро ба таври назаррас зиёд карда, ба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, ба монанди саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисони кишвар дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ мусоидат намоянд.

Ҳангоми баргузории вохӯриҳо бо Президенти KOTRA, Роҳбари кумитаи махсуси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ ва роҳбарияти Вазорати савдо, саноат ва энергетика зикр карда шуд, ки имконияти тиҷоратию сармоягузории ҳарду кишвар пурра истифода нашудаанд. Бинобар ин дархост гардид, ки барои ба маротиб зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба ва ҷалби сармояву технологияи Кореяи Ҷанубӣ иҷрои пурраи ёддошти тафоҳуми ба наздикӣ баимзорасида таъмин карда шавад.

Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки барои муаррифии имконияти мавҷудаи кишвар ба ширкатҳои кореягӣ, ҷалби ширкатҳои кореягӣ оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ифтитоҳи намояндагии доимии ташкилоти KOTRA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории лоиҳаҳои пешниҳодгардида кумак намоянд.

Ҳайати расмии Тоҷикистон имконият ва бартариҳои бузурги истеҳсолию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди рушди иқтисодии баланд, қувваи кории рақобатпазир, қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаву арзон, ашёи хоми фаровон, иқлими мусоид, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва бозори калони минтақаро муаррифӣ намуда, даъват ба амал овард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, таҷҳизоти электрикӣ, панелҳои офтобӣ, батареяҳо ва мошинҳои электрикӣ, фармасевтӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пашму пӯст ва моҳипарварӣ таъсис диҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram