РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Тоҷикистон-Ватани азизи ман». Ҳунарнамоии довталабон аз рӯи номинаи “Саряндагӣ” оғоз шуд

21 октябри соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз рӯи номинаи “Саряндагӣ”, жанри эстрадӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба кори худ идома дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар ин жанр иштирокчиёни гурӯҳи синунсолии аз 12 то 17 сола аз ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баромад мекунанд.

Аз баромади иштирокчиён ба назар мерасид, ки ҳар яке мехост аз дигаре беҳтару хубтар ҳунарнамоӣ карда, ҳунару маҳорати эҷодии хешро назди ҳайати ҳакамон нишон диҳанд.

Дар номинаи “Сарояндагӣ” ҳакамон дар ҳайати санъатшиносони варзида Достизода Миралї ректори Консерваторияи миллии Тољикистон ба номи Т.Сатторов, Раиси ҳайати ҳакамон, Сафарзода Носир роњбари бадеии ансамбли давлатии “Фалак”, Шарофат Усмонзода овозхони академї, Вањобзода Рустам Шоири халќии Тољикистон, Солиев Алишер дирижёри оркестри давлатии симфонии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, аъзои ҳайати ҳакамон ба ҳунарнамоии довталабон баҳогузорӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки теъдоди умумии довталабон дар жанри “Сарояндагӣ” 167 нафарро ташкил медиҳад, ки мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар даври ҷамъбастии озмун беҳтаринҳо сазори ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофоту ҷоизаҳо мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram