РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДОТ: Ҳамкориҳо бо Сафорати Фаронса густариш меёбанд

Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар таърихи 20-уми октябри соли 2022 сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Таран ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овард, ки ӯро намояндаи бахши фарҳангии сафорат Эва Тозйе ва ёвари ӯ Муҳиба Шарифова ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ, Аҳлиддин Ибодуллозода бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Фаррух Худойдодзода пазироӣ намуданд. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба даъвати омӯзгорони касбӣ аз Фаронса ҷиҳати фаъолият дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, густариши робитаҳои адабиву фарҳангӣ, масоили табодули омӯзгорону донишҷӯёнро баррасӣ карданд. Дар доираи ташрифи хеш сафири Фаронса Мишел Таран инчунин бо устодону донишҷӯёни бахши забони фаронсавии факултети забонҳои романӣ-германӣ мулоқот намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram