РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: «Ҳақиқатҳои ширини ширин ва талху талхи насри сад соли ахири тоҷикон»-и Шераки Ориён чоп шуд

Таҳти унвони «Ҳақиқатҳои ширини ширин ва талху талхи насри сад соли ахири тоҷикон» китоби навбатии узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика, нависандаи сермаҳсули тоҷик Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) нашр гардид. Дар ин бора муаллиф хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, «ин ҳамон адабиётест, ки ҳамеша таҳлилаш мекардем. Фақат ин бор таҳлил аз тарафи дигар аст. Саргузашти насри навину офарандагони он аз нигоҳи дигар. Баъзе ҷиҳатҳои ногуфта ва номакшуфи ин адабиёт дар рисолаи мазкур дарҷ гардидаанд. Яъне, ҳақиқатҳои ширини ширин ва талхи басо талхи насри сад соли ахири тоҷикон».

Китоб бо фарогирии паҳно, жарфу амиқ ва кушодани муаммоҳои таъриху зиндагӣ ва фарогирии осори азизони гузаштаи мо, хосатан намояндагони сад соли ахири насри тоҷик фарқкунанда ва ҷолибу хонданист.

Бояд гуфт, ки Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика буда, муаллифи 42 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёти ӯ ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст. Филмҳои вай, ба мисли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра маъруфу машҳур гардидаанд.

Филми «Дӯстонро намефурӯшанд» («Аспи охирини шаҳр») дар замони шӯравӣ аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида, дар Кинофестивали Рига (соҳили Балтика) ва Кинофестивали халқии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷоиза гардида буд. Филми дигари Шераки Ориён «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивалҳои ЕврАзия, Фаронса, Амрико чор ҷоизаро сазовор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram