РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хоруғ: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст шуд

21 октябри соли равон дар театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.  Дар ин нишаст Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ғолибони даврӣ вилоятиро табрик намуд. Дар ин бора сомонаи Ҳукумати ВМКБ хабар дод.

Алишери Мирзонабот зимни суханронии худ иброз дошт, ки “мо, чанде пеш озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”- ро ҷамъбаст намуда, ғолибони даври вилоятиро муайян намудем. Чеҳраҳои нави санъату мусиқӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар сатҳи вилоят муаррифӣ гардиданд. Боиси хушнудист, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба таърихи пурғановати миллати тоҷик дар соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърих” доир мегардад. Ҳамаи ин чорабиниҳо маҳз бо мақсади тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, эҳёи арзишу анаъанаҳои миллиамон роҳандозӣ шуда, моро ба он водор менамояд, ки фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, худогоҳиву воқиф аз таърихи гузаштаамон тарбия намуда, баҳри тарбияи насли оянда зиёдтар заҳмат кашем”.

Дар чорабинӣ ҳамчунин директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, проофессор Ҷумахон Файзализода ва Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ширкат ва суханронӣ намуданд.

Директори Китобхонаи миллӣ, ки аъзои ҳакамони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, муддати чанд рӯзи охир дар шаҳри Хоруғ ба сар мебурд ва аз оғози даври ниҳоии вилоятӣ то ба анҷом ширкат дошт. Вай дар суханронии худ аз вижагиҳои озмуни имсол ҳарф зад ва бардоштҳои худро аз омодагии хонандагони ВМКБ ва сатҳи дониши онҳо иброз намуд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ 56 нафар ғолибони даври вилоятӣ бо Ифтихорнома ва мукофоти пулии Раиси вилоят қадрдонӣ шуданд.
Бо намоиши барномаи рангинӣ консертӣ чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram