РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба муносибати 30-солагии равобити дипломатии Тоҷикистону Ҷопон чорабинии фарҳангӣ доир мегардад

27 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики ба вилояти Суғд ташриф меорад. Дар ин хусус аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни сафари корӣ дипломати ҷопонӣ аз ноҳияҳои Шаҳристон ва Спитамен боздид карда, дар назар аст, ки бо роҳбарияти вилоят низ дидору гуфтугӯ кунад.

Сафир ва ҳамроҳонаш ҳамзамон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Ҷопон, ки соати 18- и рӯзи 27 октябр дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир мешавад, иштирок менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram