РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Оҳангсози маъруфи тоҷик Зокир Нишонов даргузашт

Оҳангсози маъруф, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зокир Нишонов дар синни 80-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Вазорати фарҳанги мамлкат хабар дод.

Зокир Нишонов 6.05.1942 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ҳанӯз аз овони мактабӣ ба навохтани созҳои гуногун мароқ зоҳир намуда, дар ансамблҳои мактабӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Садоқатро нисбати мусиқии созии эстрадӣ вай инчунин ҳангоми таҳсил дар Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе ва фаъолият ба ҳайси ҳунарпешаи Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нигоҳ дошт. Минбаъд ҳамин равия майлу рағбатҳои композитории ӯро муайян намуд. Ба ҳайси навозандаи оркестри эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил намуда соли 1976 хатм намудаст, сониян ба ансамбли «Орзу»-и Тоҷикгосконсерт роҳбарӣ кардааст. Соли 1982 З. Нишонов узви Иттифоқи композиторон пазируфта мешавад. Ҳангоми фаъолият ба сифати директори мактаби мусиқии №3-и ба номи А.Ленскийи шаҳри Душанбе вай пайваста дар фаъолияти эҷоди Иттифоқ ширкати фаъолона варзида, барои намоишномаҳои театрӣ ва кинофилмҳо мусиқӣ эҷод мекунад. Соли 1994 вай ҷоизаи Озмуни асарҳои мусиқӣ барои оркестри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад. Барои ин оркестр вай 8 марш навиштааст. Аз соли 1993 то 2005 ба сифати дирижёри ҳарбӣ, солҳои 2005 – 2009 роҳбари бадеӣ ва дирижёри оркестри созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор мекунад. Барои оркестри номбурда Увертюра, Ду токката, пйесаҳо, такмилҳои сурудҳои халқиро барои сарояндагони оркестр эҷод мекунад. Аз соли 2009 ба ҳайси мушовири ансамбли эстрадии «Гулшан» кор мекунад.

Дар бойгонии композитор мусиқӣ ба намоишномаҳои Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А.С.Пушкини Ленинобод (ҳоло К.Хуҷандӣ), аз ҷумла «Лӯлӣ», «Фаввораи Боғчасарой», «Рамаяна», «Маугли», ба водевили Н. Исломов «Неожиданная невеста», ки Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский ба саҳна гузошта буд, ба намоишномаҳои Театри драмавии Қӯрғонтеппа «Шоҳи лучак» ва диг. маҳфузанд. Инчунин барои ҳашт филми мустанад ва мултипликатсионии «Тоҷикфилм» мусиқӣ эҷод кардааст. Умуман, композитор З.Нишонов имрӯз ҳам чун пештара нисбат ба жанри эстрадӣ таваҷҷуҳи бештар дорад. Вай сурудҳое менависад, ки туфайли шакли муосири хеш, оҳангҳои барҷаста, ҳиссиёти самимӣ, муҳимияти мавзӯъ ба зудӣ иҷрокунандагону мухлисони худро дар байни дӯстдорони эстрада пайдо мекунанд. Аз сурудҳои ӯ метавон, «Хуш бош» ва «Гуворо бод айшат» ба шеъри Д.Каримзода, «Забони модарӣ» ва «Тоҷикистон» ба шеъри Н.Саидӣ ва бисёр дигаронро номбар намуд. Корҳо дар жанрҳои пйесаҳои оркестрӣ, композитсияҳои вокалӣ-созӣ идома доранд. Ҳоло композитор корҳои зиёди ташкилиро ба хотири ҳифзу рушди оркестрҳо анҷом дода, ба Ватани хеш ба таври арзанда хизматкарда истодааст. Яке аз офаридаҳои тозаи ӯ – Соли 1982 З. Нишонов узви Иттифоқи композиторон пазируфта мешавад. Ҳангоми фаъолият ба сифати директори мактаби мусиқии №3-и ба номи А.Ленскийи шаҳри Душанбе вай пайваста дар фаъолияти эҷоди Иттифоқ ширкати фаъолона варзида, барои намоишномаҳои театрӣ ва кинофилмҳо мусиқӣ эҷод мекунад. Соли 1994 вай ҷоизаи Озмуни асарҳои мусиқӣ барои оркестри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад. Барои ин оркестр вай 8 марш навиштааст. Аз соли 1993 то 2005 ба сифати дирижёри ҳарбӣ, солҳои 2005 – 2009 роҳбари бадеӣ ва дирижёри оркестри созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор мекунад. Барои оркестри номбурда Увертюра, Ду токката, пйесаҳо, такмилҳои сурудҳои халқиро барои сарояндагони оркестр эҷод мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram