1 ноябр, соати 17 -00 дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилояти Суғд нахустнамоиши филми ҳунарии «Дов» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Филми ҳунарии «Дов» бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ва аз ҷониби киностудияҳои «Тоҷикфилм», «Суғдсинамо» ва маркази продюсерии «Футура магнум» ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур дар бораи дӯстии ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдод қисса мекунад.
Бояд гуфт, ки филми мазкур чанде қабл дар фестивали байналмилалии филмҳо, ки дар Кореяи Ҷанубӣ доир шуд, ба намоиш гузошта шуд. Сипас намоиши филм дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия низ доир гардида, аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуд.