РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик»

25 октябр бо ташаббуси департаменти илм ва татбиқоти Донишгоҳи давлатии Данғара муаррифии китоби тозанашр бо номи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 -солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар ин бора аз Маркази итттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок доштанд.

Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот дар бораи «Нақши Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тули 30 соли Истиқлолият» маърӯза намуда, дақиқ мавқеъ ва манзалати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод.

Баъдан, мураттиб ва веростори китоб, номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов баромад намуда, оид ба мавзу ва мӯҳтавои китоб ибрози назар намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки бахшида ба 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоб бо номи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон»- Роль Эмомали Рахмон в развитии цивилизации таджикского народа” бо ду забон бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор шуд.

Мавсуф қайд намуд, ки дар бештар аз чиҳил мақолаи олимону адибон, сиёсатмадорону сиёсатшиносони ватаниву хориҷӣ доир ба фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таърихи навини тоҷикон сухан рафтааст.

Китоб аз андешаву афкори сиёсатмадорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ монанди Владимир Путин, Кофи Анан, Ҷорҷ Буш,Си Чинпин, Жак Ширак, Александр Лукашенко,Аҳмадшоҳ Масъуд, Шавкат Мирзиёев, Шоҳзхода Оғохони 4 ва дигарон оғоз мешавад.

Дар мақолаҳои олимону муҳаққиқон ва сиёсатмадорони маъруфи тоҷик Фарҳод Раҳимӣ, Абдуҷаббор Азизӣ, Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Кароматулло Олимов, Саймумин Ятимов, Ато Ҳамдам, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Саидмурод Фаттоҳзода, Юсуф Раҳмон, Қосим Роҳбар, Носир Салимӣ, Зафар Сайидзода, Матлуба Сатториён, Камол Насрулло, Сироҷиддин Мухриддин, Нуридддин Шоҳиён, Хайриддин Усмонзода, Шариф Раҳимзода, Худойбердӣ Холиқназар, Ҷамшед Ҷӯразода, Раймалӣ Нуриддинов, Муҳаммаддовуд Саломиён, Нуралӣ Саидов, Гулбаҳор Назирӣ, Ваҳҳоб Набизода, Аюб Усмонзода, Нуралӣ Нурзод, Нодирҷон Солдиҷонов, Мӯсо Олимҷонов, Шавкат Шарипов, Иброҳимҷон Ҷабборов, Зафар Қобилов дар нигоштаҳои худ самтҳои фаъолияти Пешвои миллатро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, дар асоси мисолҳои мушаххаси таърихиву илмӣ нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди тамаддуни халқи тоҷик баён кардаанд. Ҳамчунин дар асар мақолаҳои олимону муҳаққиқони хориҷӣ аз Англияву Олмон,Россия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Қазоқистон ҷой дода шудаанд, ки дар онҳо ба фаъолияти сиёсиву давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шудааст. Ҳамчунин китобро андешаҳои ҳикматомези Пешвои миллат бо аксҳои ҷолиб музаййан намудааст.

Баъдан устодон, докторантон ва аспирантони Донишгоҳи Данғара дар минбари муҳокима оид ба маърӯзаҳои матраҳшуда изҳори назар намуда,гуфтанд,кинашри ин гуна киттоб дар худшиносии ҷавонон муҳим аст. Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот дар поёни маҳфил ба унвони Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб китобҳои тозанашри олимони Донишгоҳи давлатии Данғара бо номи «Фарзонафарзанди миллат» ва «Истиқлолият ва мактаби давлатдории Пешвои миллат» ҳамчунин намунаҳои ҳунарҳои дастии донишҷӯёнро ҳадя намуд.

Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангиву ҳунарии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи давлатии Данғара ва дигар муассисаҳои олии кишвар минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram