РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Тошканд барои омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва мактабҳои миёнаи Осиёи Марказӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва мактабҳои миёнаи Осиёи Марказӣ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он се нафар омӯзгорон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳлил низ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Конфронси мазкур бо ташаббуси “Маркази ҳамватанони шаҳри Москва (Московский Дом соотечественника)” дар ҳамкорӣ бо Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе ва Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шуд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар конфронси мазкур се нафар дотсентони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ намояндагӣ намуданд.

Дар кори конфронс маърузаҳои пурмӯҳтаво мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ба мавзӯи баланд бардоштани дараҷаи маҳорату малакаи таълими забони русӣ барои донишҷӯёни гурӯҳҳои ғайризабонӣ бахшида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram