Тақвияти ҳамкории гумрукии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Мухторов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Тошканд баррасӣ гардид. Дар ин бора рӯзномаи «Овози Самарқанд» хабар дод.
Мусоҳибон доир ба густариши ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар изҳори назар намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти пурсамари низоми гумрукӣ ва мусоидат дар ҳамлу нақли молу маҳсулот пешниҳодҳои мушаххасро ироа намуданд.
Ҳамзамон тарафҳо масъалаи тезонидани муоинаи гумрукӣ ва пешгирии танбашавии воситаҳои нақлиётӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадиро баррасӣ намуда, барои таҷдид ва афзудани иқтидори қабули нақлиёт дар гузаргоҳи сарҳадии «Бекобод» ва таъсиси гузаргоҳҳои нави дорои аҳамияти байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.