РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ММТ дар 300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор мекунад

Аз 22 октябр то 20 декабри соли равон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо хатмкунандагон имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд

Ба иттилои манбаъ, аввалин имтиҳонҳои озмоишӣ барои имсол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12, 16, 48, 31, 97-и шаҳри Панҷакент бо фарогирии 240 нафар хатмкунандагон гузаронида шуданд. Инчунин ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар шакли электронии китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ ирсол шуд.

Имтиҳонҳои озмоишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ тибқи нақша ба роҳ монда мешаванд.

Имтиҳонҳои озмоишӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми мамлакат бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши хатмкунандагон аз фанҳои имтиҳонӣ, шиносоии онҳо бо тарҳи маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ва таркиби саволу масъалаҳои тест, баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонҳо аз рӯйи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегарданд.

Дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шакли электронии тарҳи нави маҷмӯи китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ гузошта шуд, то ки хатмкунандагон бо он мустақилона шинос шаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram