РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: озмунҳои вилоятии «Ролики беҳтарини ватандӯстӣ» ва “Барномаи телевизионии беҳтарин” эълон шуд

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон тавассути барномаҳои тарбиявию таҳлилӣ тариқи ВАО дар самти ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ, ҷалби журналистони ҷавон ва дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқату соҳибмаърифати вилояти Суғд, озмуни вилоятии «Ролики беҳтарини ватандӯстӣ»-ро баргузор менамояд. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш вилояти Суғд хабар доданд.

Дар барномаҳои телевизионӣ ва роликҳои беҳтарини ватандӯстӣ, ки ба озмун пешниҳод мегарданд, ба шартҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

  • баланд бароштани ҳисси ватандӯстӣ;
  • ҳуввияти миллӣ;
  • арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ;
  • инъикси дастовардҳои ҷавонон дар замони 31-соли соҳибистиқлолӣ;
  • самти ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон.

Роликҳои таҳиянамудаи довталабон ба шабакаҳои иҷтимоӣ (сомонаи фейсбукии Раёсат) ҷойгир карда шуда, аз ҷониби хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бисёр ҷонибдорӣ ва хуш пазируфта (лайк, миқдори тамошобин) мешаванд, баҳогузорӣ карда мешавад.

Ғолибон ва иштирокчиён бо Сипоснома ва мукофотҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қадршиносӣ карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram