РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ҲХДТ таҳти унвони «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар рушди инфрасохтори давлатӣ» озмуни аксбардориро эълон мекунад

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни аксбардориро дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди инфрасохтори давлатӣ» эълон менамояд. Дар ин бора сомонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Мақсад аз баргузории озмуни аксбардорӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди инфрасохтори давлатӣ» инъикос, тарғиб ва ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Душанбе, муаррифии бинову иншоотҳои ҷашнӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгаштҳо ва мавзеъҳои сайёҳии пойтахт мебошад.

Дар озмуни мазкур хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.

Талаботҳо:

— Биноҳо, иншоотҳои ҷолиби тарҳи замонавидошта ва мавзеъҳои зебои шаҳри Душанберо аксбардорӣ намуда, ба телеграми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе (+992-985-61-86-66) ирсол намоед.

— Иштирокчиёни озмун бояд 10 акс, бо сифати баланд ирсол намоянд. Расмҳои ирсолнамудаи иштирокчиёни озмун дар саҳифаи иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар фейсбук инъикос мегарданд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд:

Ғолиби ҷой якум : 1 ҷой

Ғолибони ҷойи дуюм : – 2 ҷой

Ғолибони ҷойи сеюм : – 3 ҷой

Ғолибони озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун муайян гардида, дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе эълон карда мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 227-35-83, 985-61-86-66

Почтаи электронӣ: hhdt_dushanbe@mail.ru

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram