Аз 29 октябр то 4 ноябри соли равон дар Душанбе «Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон-2022» баргузор мегардад, ки он ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бахшида мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Маросими ифтитоҳи ҷашнвора соати 18:00-и 29 октябр баргузор шуда, дар он роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, масъулини синамо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ ширкат хоҳанд кард.
Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок иброз дошт, ки Фестивали мазкур барои табодули таҷрибаи ҳарду кишвар дар соҳаи санъати синамо ва минбаъд густариш ёфтани он мусоидат менамояд.
Намоиши филмҳои кореягӣ аз 29 октябр то 4 ноябр — 16 маротиба дар кинотеатри «Кохи Наврўз»-и шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар ин Фестивал филмҳои коргардонон Ҳан Ҷерим- “Симо”(Квансанг с. 2013), Че Донгҳун “Қатл” (Амсал, с. 2015) ва Ли Гебёк “Хушбахт” (Локи с. 2016) ва ғайраҳо намоиш дода мешаванд.