РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Консерваторияи миллӣ ғолибони даври ниҳоии Озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” қадрдонӣ шуданд

27 октябри соли ҷорӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маросими дипломсусорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни Ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

Дар маросими дипломсупорӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ширкат варзида, ғолибон, гирандагони Дипломҳои озмунро табрику таҳният гуфт.

Вазири фарҳанг баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”-ро дар ҷумҳурӣ яке аз иқдомҳои шоистаю беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, барои дарёфти чеҳраҳои наву эҷодӣ, ҷавонони соҳибистеъдоду бомаҳорат дар саҳнаи ҳунар мебошад.

Зулфия Давлатзода дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки “Тӯли 4 сол мешавад дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар баргузор мегардад. Дар ин муддат ҷавонону наврасони соҳибистеъдоду соҳибзавқ аз саросари кишвар рӯи саҳнаи ҳунар омаданд, ки боварӣ дорам барои рушду нумӯи санъату мусиқӣ хизматҳои арзанда хоҳанд кард. Довталабон бо иштирокашон дар ин озмун тавонистанд ҳунару маҳорати хешро сайқал диҳанд ва дар ин ҷода таҷриба гиранд. Даври ниҳоии озмун ҷамъбаст гардид ва ҳамаи он довталабоне, ки дар ин давр ғолиб омадаанд ва сазовори мукофоту ҷоизаҳо мегарданд, табрику шодбош мегӯям”.

Сипас, дар фазои тантанавӣ ба ғолибони даври ниҳоии озмун Дипломҳо аз ҷониби Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, Ректори Консерваторияи милли Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Раиси ҳакамон дар номинатсияи “Сарояндагӣ” Достизода Миралӣ, директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳакамон дар номинатсияи “Навозандагӣ” Хуршед Низомов, дирижёри оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати ҳакамон дар номинатсияи “Сарояндагӣ” Алишер Солиев ва омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, аъзои ҳакамон дар номинатсияи “Навозандагӣ” Парасту Саодатова супорида шуд.

Ёдрас мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» фардо, 28 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, соати 16:00 баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram