РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе маҳфили эҷодии Мастона Эргашева доир шуд

27 октябри соли ҷорӣ дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори кафедраи сарояндагии анъанавӣ, ҳунарманди маҳбуб Мастона Эргашева баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар маҳфили эҷодӣ роҳбарияти муассиса, адибони шинохта, аҳли фарҳангу санъати ҷумҳурӣ ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзиданд.

Нахуст Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Достизода Миралӣ ҳунарманди нотакрор, овозхони хушсалиқа Мастона Эргашеваро бо 55-умин солгарди фаъолияти эҷодияш табрику таҳният гуфта, дар эҷоду фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо таманно намуд.

Ҳамзамон, ҳунарпешаи шинохта Марям Исоева, шоири ширинкалом Гулрухсор Сафиева, директори генералии Маркази мақоми Узбекистон профессор Соҳибҷон Бегматов, дастаи ҳунарии мақомчиён ва овозхони ансамбли “Мақом”-и Ҷумҳурии Узбекистон Фазилат Ахмедова суханронӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаи ҳунарманди соҳибзавқ комёбиҳои назаррас таманно намуданд.

Инчунин дар маҳфил китоби тозаэҷоди ҳунарманд таҳти унвони “Мастона месарояд”, ки Муассисаи давлатии нашриёти “Адиб”-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расонидааст, рӯнамоӣ гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ иборат аз суруду оҳангҳо аз эҷодиёти Мастона Эргашева дар иҷрои соҳибҷашн ва шогирдони ҳунарманд ба маҳфил шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки шоми 27 октябр бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барномаи ҳунарӣ бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram