РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: дар мавзуи «Беҳтар намудани шароити қутоспарварӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид

27 октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” давраҳои бозомӯзии «Беҳтар намудани шароити қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, ҷаноби Монтиел Ленни – роҳбари намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон UNDP in Tajikistan, Носирзода Умед – муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон – раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадафи асосии семинари омӯзишӣ ин гирифтани маълумоти аниқу воқеӣ оид ба аҳамият ва зарурияти рушди самти қутоспарварӣ ва дастгирии мардум дар минтақаҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дурдасти Тоҷикистон бо ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар кори семинар қайд гардид, ки қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани саршумори чорво ва баланд бардоштани сифатҳои генетикии маҳсулот дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини аҳолии Тоҷикистон бо маводи озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агар 10-солаҳои пеш саршумори қутос дар ҷумҳурӣ 7 ҳазор сарро ташкил дода бошад, ба ҳолати имрӯза теъдоди он дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба 28 ҳазору 362 сар расидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram