Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» дар минтақаҳои зерин:
-ноҳияи Исмоили Симонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С. Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шоҳтемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрон;
-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе”, КВД “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ”, ҶДММ “Кохи Наврӯз” ва кӯчаи Варзишгарон, интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00 рӯзи 28 октябр то соати 06:00-и 29 октябри соли 2022 қатъ мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед.