РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои кишоварзиро густариш медиҳанд

26 октябри соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қаҳрамон Юлдашев доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчунин густариши ҳамкориҳо дар самти кооператсияи саноатӣ ва кишоварзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти суҳбат тарафҳо роҷеъ ба тақвият бахшидани корҳо дар самти боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ изҳори назар намуданд.

Ҳамзамон, Сафир ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии аграрии Ӯзбекистон пешниҳод манзур намуд, ки он аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram