РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз маросими ҷоизасупории озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мешавад

Имрӯз 28 октябр соати 16.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад, ки дар он се нафар гирандагони Шоҳҷоизаи озмун, ки маблағаш 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, эълон мегарданд. Инчунин ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, диплом ва мукофот сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар робита ба ин имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид. Зимни он 78 нафар иштирокчиёне, ки дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ғолиб омада буданд, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Зикр шуд, ки пагоҳ дар маросими ҷоизасупории озмуни мазкур аз миёни 78 нафар гирандагони Шоҳҷоиза ва ғолибони номинаҳо муайян карда мешаванд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки «тӯли 4 сол аст Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат баргузор мегардад. Дар ин муддат ҷавонону наврасони соҳибистеъдоду соҳибзавқ аз тамоми мамлакат рӯи саҳнаи ҳунар омаданд. Боварӣ дорам, ки онҳо дар рушду нумӯи санъату мусиқии миллати тоҷик хизматҳои арзанда менамоянд».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram