РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мақоми хирад ва огоҳӣ дар «Дебоча»-и «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ шоҳасари худро «Ба номи Худованди ҷону хирад» оғоз мекунад ва ин амал худ далолат ба мақоми баланди хирад ва маърифату огоҳӣ дар «Шоҳнома» дорад. Хирадгароӣ ва маърифату огоҳӣ паёми аслии «Шоҳнома» аст ва натанҳо дар «Дебоча», балки аз оғоз то интиҳои ин шоҳасари безавол намоён аст. Бо номи Худованд оғоз кардани сухан ва таҳмидия гуфтан дар дебочаи китобу рисолаҳо, чи осори бадеӣ ва чи осори илмӣ аз сунани дерини фарҳанги мост. Наът ё худ таҳмидия дар адабиёти форсии тоҷикӣ таърихи куҳан дорад. Ҳанўз дар ибтидои ислом донишмандони эрониасле монанди Ҷабала ибни Солим, Ҳушом ибни Абдумалик, Абдуҳамид ибни Яҳё ва алалхусус Рузбеҳ писари Додвеҳ маъруф ба Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ҳини тарҷумаи осори паҳлавӣ ба арабӣ ба тамҳидия ибтидо гузоштаанд. Бино ба нақл балоғатшиносон, «фасоҳату ҷазолати калом ва балоғати Ибни Муқаффаъ ба наҳве мавриди қабул шуда, ки осори ў ҳамвора масали аълои балоғат донистаанд». Аммо бояд зикр кард, ки суннати бо номи Худо оғоз кардани сухан ва таҳмидиясароӣ дар фарҳанги аҳди бостон, дар байни ақвоми ориёӣ маъмул буда, як назар ба осори бозмонда аз аҳди бостон кофист, ки ин масъала равшан гардад. Ҳеч як осори бозмондаи адабиёти аҳди бостон бидуни зикри номи Худованд нест ва дар аксари онҳо тамҷиди Аҳурамаздо ба сифати яздони «ҳамаогоҳу ҳамахирад» намоён аст. Ин ҳама моро ба хулоса меоварад, ки ба номи Худованд оғоз кардани сухан ва таҳмидияҳо, ки дар адабиёти аҳди исломии мо хеле густарда аст, сарчашма аз фарҳанги аҳди бостон дорад. Ва бешак, Ибни Муқаффаъ ва ёронаш, ки осори аҳди бостонро ба арабӣ тарҷума кардаанду таҳмидиясароиро дар адабиёти исломӣ асос гузоштаанд, ҳамон суннати ниёконро ба фарҳанги исломӣ интиқол додаанд.

Як назари гузаро ба таҳмидияҳои адабиёти форсии баъдазисломӣ кофист, то бидонем, ки аксари таҳмидияҳо ба забони арабӣ суруда шудаанд ва баъзе, ки ба форсист пур аз калимоту таркиботи арабист. Ва ин бесабаб нест, зеро дар сурудани таҳмидияҳо суханварону донишмандони мо такя ба Қуръону суннат доранд ва саъй намудаанд калимоту таркиботи қуръониро бештар ба кор баранд. Аммо бархилофи таҳмидияҳои арабӣ Ҳаким Фирдавсӣ «Бисмиллоҳ»-и сухан ба порсӣ мегўяд, на арабӣ, зеро ҳадафаш «зинда кардани Аҷам» ба забони порсист. Аз он ҷо, ки ситоиш ва тарғиби хираду огоҳӣ яке аз аҳдофи худовандгори «Шоҳнома» аст, сифати Худовандро на раҳмону раҳим, балки «офарандаи ҷону хирад» меоварад. Ба форсӣ оғоз кардани «Бисмиллоҳ»-и сухан ҳарчанд, ки баъд аз Ҳаким Фирдавсӣ роиҷ нашуд, аммо суханварони бузурге чун Ҳаким Низомӣ ва Шайх Саъдӣ, ки эҳтироми хосса ба офаридгори «Шоҳнома» доранду то ҳадде аз ў таъсир бардоштаанд, ин амали Фирдавсиро идома додаанд. Масалан Ҳаким Низомӣ дар оғози достони «Лайлию Маҷнун» мегўяд:

Эй номи ту беҳтарин сароғоз,

Бе номи ту нома кай кунам боз.

Шайх Саъдӣ дар «Бўстон», ки дар вазни «Шоҳнома» суруда шудааст, дар пайравӣ аз Фирдавсӣ «Бисмиллоҳ»- и суханро ба номи «Худованди ҷонофарин» оғоз мекунад:

Ба номи Худованди ҷонофарин,

Ҳакими сухан дар забонофарин.

Вале даврони зиндагии Ҳаким Низомию Шайх Саъдӣ, яъне асрҳои Х11-Х111 замони густариши бесобиқаи забони арабӣ ва нуфузи беҳадди он дар адабиёти форсӣ, хосса дар насри он аст, ки арабигўйӣ ва корбурди калимоту таркиботи арабӣ ба масобаи ҳунари суханвар маҳсуб мешуд. Ва ин ду бузургвор аз ин ҷараёни адабӣ берун набуданд. Масалан, Ҳаким Низомӣ дар «Махзан-ул-асрор» ибтидои суханашро ба арабӣ оғоз мекунад:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим,

Ҳаст калиди дари ганҷи ҳаким.

Ва ё як назар ба «Дебоча»-и «Гулистон»-и Шайхи аҷал кофист, ки чигунагии густариши калимоту таркиботи арабиро дар насри форсии асри Саъдӣ мушоҳида кунем: «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Миннат Худойро, азза ва ҷалл, ки тоаташ мўҷиби қурбат аст ва ба шукр андараш мазиди неъмат. Ҳар нафасе, ки фурў меравад, мумидди ҳаёт аст ва чун бармеояд муфарриҳи зот. Пас, дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд аст ва бар ҳар неъмате шукре воҷиб…».

Аксари пажўҳандагони «Шоҳнома» байти нахусти «Дебоча»-и «Шоҳномаро, ки бешак ҳусни матлаъ аст, «ҷонмоя ва усораи тафаккуру бовари Фирдавсӣ» донистаанд (Ғуломмуҳаммад Тоҳирии Муборакӣ, Номаи хусравон.-Теҳрон, 1387,89) ва Холиқи Мутлақ дарунмояи байтиҳои 2 то 15 «Дебоча»-ро густариши муҳтавои ҳамин байти нахустин медонад (Ҷалол Холиќи Мутлаќ. Ёддоштҳо, с.,1).

Ростӣ, перомуни байти нахустини «Дебоча»-и «Шоҳнома» фирдавсишиносон китобу мақолоти зиёде иншо кардаандва алалхусус таркиби «ҷону хирад»-ро аз дидгоҳи гуногуни фалсафӣ, динӣ, ирфонӣ, мазҳабӣ ва ғайра баррасӣ кардаанд, ки хонанда дар шинохти сарчашмаи фикрӣ ва сохтори андешаи Ҳаким Фирдавсӣ саргаргум мезанад. Масалан, Аббоси Зарёбхўй ин байтро аз назари исмоилиён шарҳу тафсир медиҳад ва таъкид мекунад, ки «ҷону хирад ё ақли куллӣ ё нафси куллӣ дар ҳикмати исмоилиён муҳимтарин мақомро дорад ва ин маъхуз аз ҳикмати навафлотуния аст (Зарёбхўй А.Нигоҳи тозае ба муќаддимаи «Шоҳнома»\\Эроннома, соли даҳум). Донишманди эронӣ Каззозӣ таъсири фалсафаи машшоӣ(арастуӣ)-ро дар ин байти Фирдавсӣ таъкид карда, мартабаҳои ҷону хирадро аз дидгоҳи ишроқиён овардааст.

Дар Қуръон борҳо, анқариб дар ҳар сура аз сифати «доноӣ ва огоҳӣ»-и Худованд ёд шудааст ва Аҳурамаздо низ, чи дар «Авесто» ва чи дар осори паҳлавӣ, монанди «Бундаҳишн» бо сифати Яздони «ҳамаогоҳу ҳамахирад», яъне огоҳу доно ба ҳама корҳо ёд шудааст. Дар матнҳои паҳлавӣ ва фарҳангҳои асотири эронӣ «Маздо» ба маънии хирад ва фарзонагӣ аст ва сипас, лақаби Аҳуро ба маънии сарвар дар оғози номи ў қарор мегирад. Яъне, «Аҳурамаздо (Урмузд) ба маънии доно номест, ки зардуштиён ба Худованд додаанд (Ќулизода.Фирханги асотири Эрон.-Теҳрон, 1376, с.,98). Авестошиносон таъкид мекунанд, ки ба андешаи зардуштиён, бо такия бар матнҳои Авасто, олами минуӣ (рўҳонӣ, ғайримодӣ) пеш аз ҷаҳони модӣ офарида шудааст. Яъне ҷону хирад пеш аз ҷисм офарида шудаанд. Чунончи, дар «Готҳо» ё худ «Гоҳон» омадааст: «Эй Маздо, он гоҳ, ки ту дар оғоз ҷону дин (ба маънии виҷдон аст ва яке аз панҷ нерўи минуии одамист, ки пеш аз ҳастӣ офарида шудааст)-и моро биофаридӣ ва аз маниши хеш моро хирад бахшидӣ…».Дар «Гузидаҳои Зодиспарам» низ омадааст, ки «равон пеш аз тан офарида шудааст» (Наќл аз Муборакӣ. Номаи Хусравон, с., 65.).

Бояд гуфт, ки дар аксари осори динии паҳлавӣ вақте сифатҳои Урмузд ном мебаранд, ўро бо авсофи «донову огоҳ» ёд мекунанд, ки офарандаи «ҷону хирад» аст. Дар ҳеч як дину ойине ин қадар аз хирад тамҷид нашуда, ки дар дини зардуштист. Ҳатто зардуштиён китобе доранд бо номи «Додистони «Минуи хирад», ки дар он шахсияти хаёлие бо номи «Доно» 62 суол пешниҳод мекунад ва «Минуи хирад» (рўҳ, ақл) ба онҳо ҷавоб медиҳад. Донишманди саршиноси забон ва адаби аҳди бостон Аҳмади Таваззулӣ, ки китоби «Додистони Минуи хирад»-ро тарҷума кардааст, дар муқаддимаи он менависад: «Аз ҳама некўиҳое, ки ба мардумон мерасад, хирад беҳтар аст, зеро гетиро метавон бо неруи хирад идора кард ва минуро ҳам ба неруи хирад метавон азони худ кард ва ин низ пайдост, ки Урмузд ин офаридагондар гетиро ба хиради ғаризӣ офарида аст ва идораи гитиву мину ба хирад аст» (Тафаззулӣ. А. Минуи хирад.-Теҳрон, 1348, с., 34.).

Ҳаким Фирдавсӣ мусулмони комил аст ва дар ин нукта ҳеч шакке нест, вале аз он ҷо, ки «Шоҳнома» «номаи хусравони бостон» мебошад, ҳакими бузург дар эҷоди ин асари бузург, хосса дар «Дебоча», дар баробари маърифати исломӣ дар шинохти авсофу сифоти Худованд ба эътиқоду боварҳои аҳди бостонии ақвоми ориёӣ баҳра бардоштааст. Ҳамин тариқ Ҳаким Фирдавсӣ бо камоли маърифати худошиносиву худшиносӣ бо такя ба боварҳою эътиқодоти ниёконаш ва ҷаҳонбинии исломӣ, оғози суханро бо номи Худованд, ба забони модарияш шурўъ мекунад ва мегўяд: «Беҳтарин андешаи одамӣ, ки аз вай болотару шоистатар нест, он аст, ки суханро бо номи Худованди офарандаи ҷону хирад оғоз кунад». Ба таъбири дигар, ба андешаи ин ҳакими бузург, суханро ба номи Худованди ҷону хирад оғозидан нишони огоҳӣ ва соҳибхирадии инсон аст.

Худованди ному худованди рой,

Худованди рўзидеҳи раҳнамой.

Бояд зикр кард, ки дар нусхаҳои «Шоҳнома»-и нашри Тоҷикистону Маскав ва баъзе нусхаҳои дар Эрон нашршуда «Худованди ному Худованди ҷой» омада аст. Мураттиби охирин нусхаи «Шоҳнома» Холиқи Мутлақ «Худованди ному Худованди ҷой»-ро Худованди кавну макон тафсир намудааст. Ба андешаи мураттиби дигари «Шоҳнома» дуктур Каззозӣ, «ному ҷой» бо якдигар носозанду баробари ҳаманд. Аз назари ин донишманд, Фирдавсӣ дар ин байт номро ба маънии мину ва ҷойро ба маънии гетӣ, ҷаҳон ба кор бурдааст, яъне «ҷаҳоне, ки гавҳару гунаи он андеша аст, ҷаҳони ҷон» (Каззозӣ. Номаҳои бостон, с., 180.). Аббоси Зарёбхўй бо такия ба байти чаҳоруму шашум ва бо фарзи исмоилӣ будани Фирдавсӣ байтҳои дуюми севумро илҳоқӣ медонад, аммо Холиқи Мутлақ ин андешаро бо далелҳои илмӣ рад мекунад. Агар нусхаи тоҷикистонии байтро қабул кунем, дар ин сурат маънӣ чунин мешавад: Худованди офарандаи номҳову ҷойҳо, ҳастиву кавну макон ва Худованди рўзидиҳандаву раҳномои инсонҳо. Аз он ҷо, шоири бузург дар байти аввал «Худованд ҷону хирад» меоварад, дар мисраи дувум «Худованди рой» бештар созгор аст.

Шинохти сифатҳои Худованд низ амали инсони соҳибхираду бомаърифат аст. Фирдавсӣ бо камоли ифтихори миллӣ ва нишон додани қудрати забони порсӣ сифатҳои «раззоқи»—ву «ҳодӣ»-ги Худованд, ки дар Қуръон омадааст, на ба арабӣ, балки дар тарҷума ба забони модарияш меоварад.

Худованди Кайҳону гардонсипеҳр,

Фурўзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр.

Бояд зикр кард, ки дар асотири эронӣ Кайвон, ки дар арабӣ онро Зуҳал мегўянд, шоҳи торикиҳосту ситораи наҳсу марг аст ва харобию дарвешӣ меоварад. Дар ситорашиносии қадим ҳафтумин фалак маҳсуб мешавад ва онро наҳси акбар медонанд. Ин бовару эътиқоди ниёкон аз ситораи Кайвон (Зуҳал) дар адабиёти баъдазисломии мо низ васеъ истифода шудааст. Чунончӣ устод Рўдакӣ мегўяд:

Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,

Чӣ наҳс буд, ҳамоно ки наҳси Кайвон буд.

Аммо Моҳу Ноҳиду Меҳр (Хуршед) аз ситорагони хуҷастаанду намоди шодиву хурсандӣ. Ҳамчунин Моҳу Ноҳиду Меҳр дар баробари обу оташ аз ниёишҳои панҷгонаи зардуштиёнанд. Гардонсипеҳр – ҳамон осмони ҳаракаткунанда, киноя аз сарнавишт аст ва дар асотири эронӣ ҳама баду некро аз ин «гунбади тезрав» медонанд. Яъне, дар ин байт низ Фирдавсӣ бо такия ба ҷаҳонбинии ниёкон суханро ба номи Худованде, оғоз мекунад ки офарандаи осмони ҳаракаткунанда ва равшанидиҳандаи Моҳу Зўҳраву Хуршед аст.

Зи ному нишону гумон бартар аст,

Нигорандаи баршуда пайкар аст.

Дар нашри Душанбею Маскав ва баъзе нусхаҳои нашри Эрон ба ҷойи вожаи «пайкар» «гавҳар» омада, ки мурод аз он ҷон, рўҳ аст, ки гавҳари осмонӣ мебошад. Нигоранда, яъне нақшбанд, офаранда, мурод Худованд аст. Холиқи Мутлақ ва бештари шоҳномашиносон «нигоранда баршуда гавҳар»-ро ба маънии «офарандаи гавҳари боло ва унсури барини осмон» медонанд. Раҷоии Бухороӣ «баршуда гавҳар»-ро инсон ва баъзе ҷон медонанд. Бархе аз донишмандон мисраи аввалро «Зи ному нишони гумон бартар аст» овардаанд. Ғуломмуҳаммад Тоҳирии Муборакӣ дар сурати инсон таъбир шудлани «баршуда гавҳар ё пайкар» ин байтро талмеҳ аз ояти 6 Сураи «Оли Имрон» медонад.

Ба андешаи Фирдавсӣ (ва ба иттифоқи ҳама суханварону мутакаллимон) хеҷ махлуқе, ҳатто инсон, ки ашрафи махлуқот аст, дар шинохти кулли сифатҳои Худованд қодир нест. Худованд аз ҳамаи он ному нишонҳо ва сифатҳое, ки инсон дар гумону пиндори худ ба Ў медиҳад, болотар аст, зеро офарандаи ҳама чизу ҳама кас Ўст. Аз ин рў, чизе, ки Худо офаридааст, аз ҷумла инсон, дар шинохти вай оҷиз аст. Аз сўйи дигар, донистани ҳамин нукта, яъне шинохтанашаванда будани Худованд гувоҳ бар соҳибхирадии инсон аст.

Хирадрову ҷонро ҳамесанҷад ў,

Дар андешаи сахта кай гунҷад ў?

Вожаи «сахта» ба маънии санҷида ва ҳисобшуда, аз масдари сахтан ба маънии санҷидан, қадр ва арзиши чизеро таъйин кардан аст, аммо дар ин байт маҷозан ба маънии маҳдуд ба кор рафтааст. Ҳакими бузург мегўяд: Андеша худ ҳосили ҷону хирад аст, ки Худованд онро офарида ва пайваста месанҷад. Аз ин рў наметавон Офаридгорро дар андеша санҷид ва ё гунҷонид.

Наёбад бад-ў низ андеша роҳ,

Ки ў бартар аз ному аз ҷойгоҳ.

Яъне, ба воситаи андеша наметавон Худовандро шинохт, зеро Ў болотар аз ному ҷойгоҳ аст.

Яқин дон, ки ҳаргиз наояд падид

Ба фаҳм андар он кас, ки фаҳм офарид.

Яъне, ин ҳақиқатро бидон, ки Худованд ҳаргиз ба фаҳму пиндори инсон падидор намешавад, зероф фаҳмро низ Ў офаридааст.

Сухан ҳар чи з-ин гавҳарон бигзарад,

Наёбад бад-ў роҳ ҷону хирад.

Мурод аз «гавҳарон» ҳамон чаҳор унсур, яъне хоку обу боду оташ ва дар маҷмуъ олами моддӣ дар назар аст. Фирдавсӣ барои ҷону хирад мақому манзалат ва дараҷаи идрок қодир аст ва мегўяд, ки ҷону хирад, яъне нафсу ақли инсон «танҳо мазоҳири офаринишро, ки вуҷуди моддӣ доранд, мебинад, вале ба олами рўҳонӣ, олами маънӣ ва зоти Худованд роҳ намеёбад».

Зи бинандагон Офаринандаро

Чу бинӣ? Маранҷон ду бинандаро.

Ғуломмуҳаммад Муборакӣ менависад, ки «бисёре ин байтро далеле ба муътазилӣ будани Ҳаким Фирдавсӣ донистаанд, чун яке аз масоили аслии ихтилоф байни фирқаҳо ва мазоҳиби исломӣ масъалаи рўъят аст». Воқеан, намояндагони мазҳаби муътазила рўъятро инкор доранд, аммо ашъариён, ки шоирони бузурги мо чун Саъдию Ҳофиз дар ин мазҳабанд, муътақид ба рўъяти Илоҳӣ дар рўзи қиёмат ҳастанд. Низомии Арўзӣ бо истинод ба ин байт дар «Чаҳор мақола» Фирдавсиро рофизӣ номидааст. Устод Сотим Улуғзода дар романи «Фирдавсӣ» чунин овардаанд, ки шайхулисломи дарбори Ғазнавӣ бо такя ба ин байт шоирро рофизию бадмазҳаб менамад ва сабаби ғазаби Султон Маҳмуд ба Фирдавсӣ мегардад. Аммо дар ин байт идамаи мазмуни байтҳои аввал аст. Яъне,, бо чашм танҳо олами моддиро метавон дид, офаринандаи олам, Худованд диданӣ нест.

Хирад гар сухан баргузинад ҳаме,

Ҳамонро гузинад, ки бинад ҳаме.

Шоир мегўяд, агар хирад ё худ ақли инсон ба сухан ояд, танҳо аз чизҳое, ки мебинад, хоҳад гуфт. Чун Худовандро наметавон дид, пас сухан ҳам аз васфи Ў оҷиз аст.

Бад-ин олати рою ҷону забон

Сутуд офаринандаро кай тавон?

Ин байт идомаи мантиқии байтҳои пешин асту шоир мегўяд: Бо василаи ақлу андеша, ҷону забон, ки одамӣ дар ихтиёр дорад, наметавонад Худовандро тавсиф кунад, зеро ин абзорҳо офаридаи худи ўянд. Ин маънӣ, яъне оҷиз будани инсон дар тавсифи Худованд дар осори суханварони баъд аз Ҳаким Фирдавсӣ низ таъкид шудааст. Масалан, Шайх Саъдӣ ба ин андеша аст, ки инсон ҳатто қодир нест шукри неъматҳои Худовандро бадурустӣ ба ҷо оварад:

Аз дасту забони кӣ барояд,

К-аз уҳдаи шукраш бадар ояд.

Ва ё ба қавли Носири Бухороӣ, ҳамин шукргузорӣ кардан низ неъматест, ки Худованд ба инсонҳо ато кардааст:

Кӣ кунад шукри мунъиме, ки бувад

Шукр ҳам шаккаре зи инъомаш.

Чун инсон қодир ба шинохти комили Худованд нест ва авсофи Ўро наметавонад ба пуррагӣ баён созад, бояд ба ҳастии Худованд эътиқодманд бошаду аз суханҳои беҳуда дурӣ ҷўяд:

Ба ҳастиш бояд, ки хасту шавӣ,

Зи гуфтори бекор яксў шавӣ.

Бино ба қавли Ҷалили Дўстхоҳ, «хасту аз калидвожаҳои зардуштист ба маънии боварманд ва иқроркунандаву эътирофкунанда ба пазириши бунёдҳо ва фармонҳои динӣ ва ҳоти 12 Яснаро «ҳоти хастуйӣ», яъне бахшиим иқрору эътироф номидаанд».

Парастанда бошию ҷўяндароҳ,

Ба жарфӣ ба фармон-ш кардан нигоҳ.

Инсон бояд парастандаи Худованд бошаду роҳи Ў, ки ростию покист, паймояд ва дақиқона, аз дилу ҷон фармони Офаридгори хешро сармашқи зиндагӣ қарор диҳад.

Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Ба қавли шоир, бузургию тавоноии инсон дар хирад ва доноии вай аст, дили одами пир низ бо дониш ҷавон мегардад.

Аз ин парда бартар сухан гоҳ нест,

Зи ҳастӣ мар андешаро роҳ нест.

Ҳакими бузург ба оҷизии ақли инсон дар шинохти Худованд ва тавсифи сифоти Ў ишора мекунад ва мегўяд: Қудрати сухан то ҳамин андоза асту беш аз ин наметавон сухан гуфт ва аз ҷаҳони моддӣ, ки ҳиҷобе дар баробари ҳақиқат аст, наметавон пештар рафт. Ба таъбири Хайём: Асрори азалро на ту донию на ман…

Чу маълум шуд ҳастии Кирдгор,

Дигар хотири хеш ранҷа мадор.

Аз ин рў, шоир маслиҳат дар он мебинад, ки чун огоҳ шудӣ, ки зоту ҳастии Худованд нокушуданист, худро заҳмат мадеҳ, «ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо».

Аз баррасии абёти «Дебоча»-и «Шоҳнома» бармеояд, ки байтҳои 2-15 ҳама дар шарҳу тафсири ҳамон андешаи хирадгароии ҳакими бузург аст, ки дар байти аввал иброз доштааст.

Хулоса, Ҳаким Абуқосими Фирдавсӣ хирад ва маърифату огоҳиро маҳаки асосии инсон будан медонад ва дар «Дебоча»-и Шоҳнома ин паёми худро бо далоили мантиқӣ дар шинохти Худованд ба хонанда илқо мекунад.

Ш.Р. Исрофилниё — доктори илми филолдогия, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram