РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ВКХТ суханони блогери украинӣ Дмитрий Гордонро рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон суханони блогнависи украинӣ Дмитрий Гордонро, ки 28 октябр дар ҷараёни барномаи интернетии «Дар меҳмонии Гордон» дар бораи аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон истеҳсол шудани ҳавопаймоҳои бесарнишине, ки «украиниҳоро нест мекунад», садо доданд, рад намуд.  Дар ин бора саҳифаи фейсбукии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содирот намекунад», — таъкид гардидааст дар баёнияи ВКХ Тоҷикистон.

Мо тавсия медиҳем, ки ҷаноби Гордон минбаъд ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад.

Ба ҷаноби Гордон тавсия медиҳем, ки минбаъд нисбат ба чунин шарҳҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо сараввал санҷад.

«Ҳамчунин ба маълумоти шумо мерасонем, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора аз Киев ягон дархости расмӣ дарёфт накардааст», — гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram