РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд

31 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин бора хабарнигори мо аз макони баргузории чорабинӣ хабар дод.

Дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ, ҳайати расмии рӯзҳо иборат аз 60 нафар ва аҳли фарҳанги Тоҷикистон иштирок доранд.

Қайд шуд, ки равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистон ва Эрон солҳои зиёдест, ки густариш меёбад. Ин натиҷа ва самараи талошҳои сарони ҳарду давлат буда, дар ин радиф муносибатҳои фарҳангии ҷумҳуриҳо низ мақоми хосса дорад. Тоҷикистон ва Эрон ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.

Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон то 6 ноябр идома меёбанд.

Пагоҳ, 1 ноябр намоиши ҳунарҳои мардумии ин сарзамин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар ҷараёни баргузории рӯзҳо инчунин маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби гурӯҳи мусиқии «Пож», «Сурӯши Мавлоно» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, намоиши филмҳои эронӣ дар Кохи Наврӯз ва кинотеатри Ватан, маҳфили адабӣ бо иштироки шоирони Эрону Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳунарии «Варзишгарони зӯрхонаӣ» дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегарданд.

3-4 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Эрон бо иштироки ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб идома меёбанд.

Ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Маҷмааи «Истиқлол» ва Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» низ дидан менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram