РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон оғоз шуд

Аз 30 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд, ки он то 6 ноябри соли 2022 дар Тоҷикистон идома меёбад.

Ҳайати расмии рӯзҳоро Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ роҳбарӣ намуда, шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 60 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар доираи баргузории рӯзҳо вохӯрии Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ифтитоҳи расмии рӯзҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир гардида, намоиши ҳунарҳои мардумии ин сарзамин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамзамон, маҳфили “Шоҳномахонӣ” ва гурӯҳи мусиқии “Пож” ва “Сурӯши Мавлоно” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, намоиши филмҳои эронӣ дар Кохи Наврӯз ва кинотеатри Ватан, маҳфили адабӣ бо иштироки шоирони Эрону Тоҷикистон ва гурӯҳи ҳунарии “Варзишгарони зӯрхонаӣ” дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Рӯзҳои 3 ва 4 ноябр ҳайати меҳмонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб рӯзҳои фарҳангиро идома медиҳанд.

Ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Маҷмааи “Истиқлол” ва Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» низ дидан менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram