РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Табиби паррон» дар Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна иштирок мекунад

5 ноябр ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд мазҳакаи  «Табиби паррон»-ро дар Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна намоиш медиҳанд. Дар ин бора аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд хабар доданд.

Мазҳакаи «Табиби паррон» аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо коргардонии Суҳроб Шехов ба саҳна гузошта шудааст.

Фестивали мазкур аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Дар фестивал ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон мазҳакаи «Табиби паррон»-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск», ки миёни 22 театри дунё аз 6 давлат- Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Россия ва Беларус доир шуд, соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ-  «Барои синтези равшани анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ» ва «Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқавӣ» гардида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram