Дирӯз Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ ва ҳамроҳонаш дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Меҳмононро муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Ба меҳмонон таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои “Асри санг”, “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Кушониён”, “Аҷинатеппа”, толорҳои “Кулолгарӣ”, “Сиккаҳо” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуданд. Ба ин восита, меҳмонон бо таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо чун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.