РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректор ва ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳи Кочи мулоқот намуд

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Ректор ҷаноби Сакураи Катсутоши ва ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳи Кочи мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки саҳми донишгоҳи мазкур дар таҳия ва арзёбии Барномаи стратегии рушди саноати префектураи Кочи ва омода кардани кадрҳои навовар дар самти рушд, саноату кишоварзии муосир калон мебошад.

Муовини ректор ҷаноби Укеда Хироюки дар рӯнамои худ усулҳо ва методологияи дарёфти сарчашмаҳои нави рушди минтақаро дар 10-15 соли охир ва рушди низоми омода кардани мутахассисонро ба ҳозирин пешкаш кард.

Таъкид шуд ки дар оянда ҳамкорихо дар самти омода намудани кадрҳои навовар, бахусус мутахассисони рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ, аз ҷониби Солеҳзода А. А. ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни донишгоҳи мазкур бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram