РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коллеҷ дар маркази ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фузайл Қодиров бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 0,30 гектарро дар бар мегирад.

Бинои коллеҷ аз се ошëна иборат буда, дорои 32 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толор барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, маркази тестӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ëрирасон мебошад.

Муассисаи нави таълимӣ барои 400 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, таълим аз рӯи се ихтисос — фарматсефтӣ, кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ ба роҳ монда мешавад. Дар Коллеҷ довталабон баъди хатми муассисаи таълимии миëнаи асосӣ ва миëнаи умумӣ қабул карда мешаванд.

Дар заминаи таъсис ëфтани Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус” 60 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, лингафонӣ ва технологияи иттилоотӣ бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ таъмин мебошанд. Дар синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон ва синфхонаҳои таълимии фаннӣ 100 компютер барои истифодаи донишҷӯëн мавҷуд аст.

Китобхонаи муассиса беш аз 15 000 китоб, аз ҷумла 10 ҳазор китоби электронии дарсӣ, бадеӣ ва дастурамалҳои таълимӣ дорад. Маркази тестӣ барои супоридани санҷиш ва имтиҳонҳои ҷорӣ ҳам дорои компютерҳои махсус мебошад.

Синфхонаҳои фаннӣ ва таълими умумӣ бо тахтаҳои электронӣ таъминанд. Дар маҷмӯъ дар коллеҷ 18 тахтаи электронии тамғаи нав васлу насб карда шудаанд, ки дар омӯзиши ҳарчӣ бештари касб ба донишҷӯён мусоидат намуда, кори омӯзгоронро низ осон мегардонанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯëн марказҳои омӯзиши малакаи касбии кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ ва дигар фанҳои клиникӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти таълими амалӣ муҷаҳаз намудаанд.

Омӯзгороне, ки дар муассисаи таълимии навбунëд ба кор ҷалб гардидаанд, таҷрибаи ғании корӣ дар соҳаи тиб доранд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар Коллеҷ 250 донишҷӯ ба донишандӯзӣ машғул аст ва дар оянда соҳибкор нақша дорад барои 100 нафар донишҷӯ аз ноҳияҳои дурдаст хобгоҳ бунëд намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунëд гардидани Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоиро дар ноҳияи Шаҳритус муҳим шумориданд ва аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки барои омода намудани мутахассиси миëнаи соҳаи тиб ҷавононро ҳачӣ бештар ҷалб намоянд, то ки дар деҳаҳои дурдаст ҳам сокинон ба кумаки аввалини тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунëд намудани чунин муассисаи таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон изҳори миннатдорӣ намуда, омӯзгорону дигар масъулинро ба истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ҳидоят карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram