РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Шарқи Дур анъанаҳои қадимии халқи тоҷик муаррифӣ гардиданд

Бахшида ба 30-солагии барқарор гардидани  робитаҳои дипломатӣ миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар шаҳри Хабаровски кишвари Хабаровск барномаи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин маъракаи фарҳангӣ Консули генералии минтақаи Сибир ва Шарқи Дур Давлатхоҷа Ятим, ҷонишини Раёсати сиёсати дохилии Ҳукумати кишвари Хабаровск А.П.Ивагин,  Раиси Ассамблеяи халқҳои кишвари Хабаровск С.Н.Скоринов, ҷонишини Раиси ин Ассамблея Валерий Хидиров, намояндагони диаспораву роҳбарони ҷамъиятҳои аъзои Ассамблея,  инчунин донишҷӯён ва тоҷикони муқими ин шаҳр иштирок намуданд, хабар дод ба АМИТ  «Ховар» кормани Шӯрои ҷамъиятии назди  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Федератсияи Россия Каримҷон Салимзода.

Иштирокдорони ҳамоиши фарҳангӣ аз намоишгоҳ, ки дар он аксҳои сарони ду давлати ба ҳам дӯсту бародар — Тоҷикистон ва Россия, ташрифи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ва ташрифи Президенти Федератсия Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардида буданд, дидан карданд.

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин  аксҳо аз  боздидҳои дуҷонибаи дипломатии Тоҷикистон ва  Россия  дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ, инчунин расмҳо  аз кушодашавии 5 мактаби замонавии русӣ дар Тоҷикистон, аксҳои  шоирону нависандагони адабиёти классик ва муосири  тоҷик ба  тамошо гузошта шуданд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин тасвирҳои манзараҳои зебои табиати нотакрори Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда,  зарфияти сайёҳии кишвари мо муаррифӣ гардид.


Ба иштирокдорони барномаи фарҳангӣ дастурхони пурнозу неъмати тоҷикӣ, ки бо меваҳои шаҳдбор, хӯрокҳои миллӣ, шириниҳову хӯришҳо ва нони танӯрӣ оро дода шуда буд, писанд омад.

Дар анҷоми ҳамоиш барои болидарӯҳии меҳмонон ҳар гуна машғулияти қадимии тоҷикон,  ки то имрӯз моҳияти худро гум накардаанд, аз қабили гӯштини миллӣ, ҷанг бо тухм ва  чормағз, навохтани асбоби мусиқии най,  рақсҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Барномаи фарҳангӣ ба муаррифии бештари таъриху фарҳанги қадимии миллати тоҷик ба ҷаҳониён мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram