2 ноябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури ғолибони озмунҳо ва устодони онҳо таъкид кард, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавон, баланд бардоштани маърифату саводнокии онҳо ва ба илму донишҳои замонавӣ ҷалб намуданашон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд.
Дар асоси Низомномаи озмун давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон даври якум ва дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, дар он 38 ҳазору 523 нафар хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври вилоятии озмун 900 нафар роҳхат гирифтанд.
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”аз рӯи 5 номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср гузаронида шуд.
Тибқи хулосаи ҳайати комиссия 91 нафар довталаб, аз ҷумла 18 нафар аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, 20 нафар аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, 20 нафар аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, 13 нафар аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва 20 нафар аз номинатсияи эҷоди назму наср ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, № АП-155 ва дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 11 марти соли 2022, №93 ба тасвиб расид.
Дар асоси Низомномаи озмун давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон даври якум ва дуюми озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, дар он 48 ҳазору 906 нафар хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври вилоятии озмун 776 нафар роҳхат гирифтанд.
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи 7 номинатсия: математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид.
Ҳайати ҳакамони озмун ба донишу маҳорат ва истеъдоди иштирокдорони озмун баҳои воқеӣ доданд. Дар ҷамъбаст 75 нафар, аз ҷумла 35 нафар хонанда, 35 нафар донишҷӯ, 2 нафар магистр ва 3 нафар омӯзгор ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат“ дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Раиси вилоят ба ғолибони даври вилоятии озмунҳо ҷоизаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки ғолибони даври вилоятӣ дар даври ниҳоии озмунҳои зикргардида донишу маҳорати худро нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва дар даври ҷумҳуриявии озмун вилояти Суғдро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.