РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Албом-эстафета» аз вилояти Суғд ба ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ворид гардид

2 ноябри соли 2022 тибқи муқаррарот ва ҷадвали тасдиқгардида «Албом-эстафета» аз вилояти Суғд ба ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ворид гардид.

Аксияи ҷумҳуриявии «Албом-эстафета» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Меҳмононро дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар аъзои ҳизб истиқбол гирифтанд.

Аз ҷониби корманди илмии Осорхонаи миллӣ дар толорҳои намоишӣ ба меҳмонон сайри осорхонавӣ баргузор гардида, ёдгориҳои ҳудуди кишвар муаррифӣ гардиданд.

Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён намуда, иброз карданд, ки муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард.

Дар ҳошияи ҳамоиш як қатор кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” барои ҳамкориҳои судманд дар тадбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, мусоидат намудан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ, инчунин барои фаъолияти пурсамар дар тарғибу ташвиқи идеологияи созандаи ҳизб бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Сипоснома”-и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram