Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки зиёда аз 70 нафар бойгоншиносони вилояти Суғд семинар — машварат гузаронида шуд.
Семинар — машваратро муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминзода оғоз бахшид ва баъдан мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ иштирокчиёнро бо барномаи семинар шинос намуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории ин семинар — машварат дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавии бойгонӣ мебошад.
Дар кори семинар тарзи дурусти корбарӣ бо ҳуҷҷатҳо, нигаҳдорӣ ва дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ дар он таъкид карда шуда, ҳамзамон раванди корбарии намунавӣ пешкаш гардид.
Бойгоншиносон дар ҷараёни семинар фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷом бойгоншиносони фаъол бо Сипосномаю туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.