РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Панҷакент Рӯзи кормандони милитсия таҷлил шуд

Ин субҳ дар толори бошукӯҳи Кохи Лоиқ ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия, ки ҳамасола санаи 10 ноябр дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад, бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, афсарон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохила, фаъолони шаҳр ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуда, аз саҳми онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ дар мамлакат, дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими фаъолияти мақомоти корҳои дохила сухан гуфт. Таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр робитаи ҳамарӯза дошта, ба иҷрои рисолати касбии онҳо мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Дар ҳамоиш ба як гурӯҳ афсарон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохила унвонҳои хидматӣ, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиши идона ба ҳозирин барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram