РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандагони Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 95 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Дар Олимпиадаи байналмилалии «Дониш дар Анталия» 20 нафар хонандагони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардида, 28 нафар сазовори зинаи дуюм ва 47 нафар мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Олимпиадаи мазкур аз 31 октябр то 6 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Олимпиадаи мазкур миёни синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур 1200 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва ғайра табодули маҳорат намуданд.

Дар олимпиада 195 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, 95 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Ғолибону иштирокчиёни олимпиадаи байналмилалиро дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва наздикону пайвандонашон истиқбол намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram