РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати «Фура» ва мошинҳои боркаши ядакдор маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст

Ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ таъмин буда, танҳо ҳаракати нақлиёт, ба мисли «Фура» ва автомобилҳои боркаши ядакдор имконнопазир аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки дар айни замон ба ҳаракати «Фура» ва мошинҳои боркаши ядакдор муваққатан маҳдудият ҷорӣ шудааст. Дирӯз бориши пуршиддати барф ва бетафовутии баъзе ронандагон боиси ба вуҷуд омадани танбашавӣ дар километрҳои 48-73-юми роҳи Душанбе-Чаноқ ва муваққатан маҳдуд кардани гузариши нақлиёт гардид.

Ёдовар мешавем, ки барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 3700 тонна маводи зиддилағжиш, 315 тонна намак, 91420 литр сӯзишвории дизелӣ, 40 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 2500 литр антифриз, 154 автошина, 38 аккумулятор захира карда шуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Дар намояндагии Зарафшон низ ба мавсими сармо ҷиддӣ омодагӣ дидаанд. Захира шудани 5307 тонна маводи зиддилағжиш, 350 тонна намак, 43100 литр сӯзишвории дизелӣ, 1500 литр равғани молиданӣ, 1100 литр антифриз, 26 аккумулятор 100 автошина, 20 тонна ангишт, 15 метри кубӣ ҳезум, 132 ҷуфт либоси зимистона шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин минтақа 31 техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.

Чунин тарзи муносибат дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ ба роҳ монда шуда, 3200 тонна маводи зиддилағжиш, 347 тонна намак, 85720 литр сӯзишвории дизелӣ, 1075 литр равғани молиданӣ, 905 литр антифриз, 165 автошина, 33 аккумулятор, 298 ҷуфт либоси зимистона, 24 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 43 адад техникаву механизми марбут ба намояндагии зикршуда ба мавсими зимистон пурра омодаанд.

Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram