РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ доир гардид

4 ноябр дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балет»-и ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар доданд.

Дар ҳамоиш роҳбарони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, собиқадорони ҳизб, кормандони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва сохторҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолон бо шиору овезаҳои ҷашнӣ иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва фурӯши асарҳои тозанашри илмию бадеӣ низ доир гардид.  Дар гӯшаи дигар навозиши зиндаи мусиқии классикӣ (квартет) аз ҷониби ҳунармандони театр танинандоз буд.


Дар толор қабл аз оғози чорабинии расмӣ тавассути монитори бузург филми ҷашнӣ манзур гардонида шуд. Моҳияти филм аз инъикоси марҳилаи созандагӣ, бунёдкории Пешвои муаззами миллат дар зарфи 30 соли охир, нақши ҲХДТ дар ин раванд ва натиҷагирӣ аз аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» қисса мекард.

Ҳамоиши идонаро муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, аз номи Раёсати КИМ ҲХДТ ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои шукӯҳманди Ватан таҳният гуфт.

Мавсуф зикр намуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯйдоди таърихӣ собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоно буда, пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад.

«Муҳимтарин дастоварди иҷлосия- тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳал кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад, — иброз дошт Абдуҷаббор Азизӣ. — Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф пирӯз гардад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад. Аз ҳама муҳим, дар ин Иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз ҳамон рӯз инҷониб ин шахсияти ватандӯсту дурандеш ва хирадманду тавоно барои муттаҳид намудани мардум, таъмини сулҳу суботи комил ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба корномаҳои таърихӣ оғоз намуданд».


Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд ва он дар кишвар гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Бо гузашти айём мо саҳифаҳои таърихи миллатро мисли саҳифаҳои китоби ҳикматомӯз  варақгардон мекунем ва аз арзишу аҳаммияти ин иҷлосия дар сарнавишти миллат воқиф мегардем, ки нақши бориз, муҳим ва муассир дорад. Аҳаммияти иҷлосия дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ воқеан беназир арзёбӣ мешавад.

Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳаммияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як силсила барномаҳои гуногунҷанба роҳандозӣ намудааст. Баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба ин ҷашн аз муҳимтарин иқдомҳоест, ки он сайру сафари воқеиву маҷозии худро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ – аз вилояти Суғд то Бадахшону Хатлону Раштону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат бахшидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки албоми мазкур аз 12 сентябр то имрӯз ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат тантанавор ворид гардид. Дар ҳошияи баргузории аксияи мазкур кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ, мулоқоту суҳбат, ҳамоишу конфронсҳо ва нишастҳо бо иштироки вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҳизб ва ҷавонон баргузор намуданд. Маросими анҷоми ин маъракаи азим дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, тантанаи комили он дар Қасри Арбоби вилояти Суғд доир хоҳад шуд. Албом-эстафетаи мусаввар чун бузургтарин оиннаи корномаи Пешвои муаззами миллат ба Осорхонаи ин қасри таърихию фарҳангӣ эҳдо мегардад.

Дар вазъи тантанавӣ ҳадяи пурмуҳтавои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди иҷлосияи тақдирсоз — «Албом-эстафета”-и ҷашнӣ ба толор ворид карда шуд.

Абдуҷаббор Азизӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар нимаи соли 1992 бо ҳодисаву воқеаҳои худ дар сархати расонаҳои тамоми дунё қарор гирифт. Дар он рӯзҳои даҳшатбор нақшаи ба қисматҳо пора намудани давлати нави тоҷикон ба миён гузошта шуд. Қувваҳои сиёсии дохилӣ, ки манфиатҳои гурӯҳию ҳизбии худро аз ҳама боло мегузоштанд, ҳар кадоме бо хостаҳо ва майлу иродаи худ талош менамуданд мавқеи худро устувор намоянд.

Дар ҳамон лаҳзаҳои пурфоҷеа кишвари мо ва мардуми он ба роҳбаре ниёз дошт, ки пеши роҳи ҷанги даҳшатбори шаҳвандиро бигирад ва кишварро аз нобудӣ ва завол раҳоӣ бахшад.

Роҳбари нави интихобшуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари иҷлосия барномаи роҳи ояндаи Тоҷикистонро эълом доштанд. Дар заминаи санадҳои сарнавиштсози таърихӣ ва рӯҳияи ваҳдатсози Иҷлосияи шонздаҳум муяссар гашт, ки таҳкурсии ваҳдати миллӣ  ба миён оварда шавад. Ба ибораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «маҳз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ заминаи низоми нави давлатдории тоҷикон, яъне асосҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд».

— Фидокориву ҷоннисорӣ ва корномаҳои беназири Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи давлати тоҷикон, барқарор кардани сулҳу ваҳдат ва сарҷамъ кардани миллат нақши муассир гузоштанд, — иброз намуд А.Азизӣ. — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ самараи истиқлол буда, бо ташаббуси Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфтааст. Ҳадафҳои оинномавию барномавии он амалисозии орзуву ормони мардум, тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беҳдошти рӯзгори ҷомеаро дар ҳадаф дорад. Дар ин раванд дар даврони сулҳу субот ва оромии кишвар бояд паҳлӯ ба паҳлу саъю талош намоем ва дар рушду нумӯи ин сарзамини биҳиштосо пайваста заҳмат кашем ва дар ин талошҳои созанда пайрави ҳақиқии Пешвои миллат бошем.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода дар бораи нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон суҳбат намуд.


«Тайи ин давра мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузорем. Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад» , — зикр дошт М. Пайшанбезода.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки фаъолияти мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти кишвар  шурӯъ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бағоят бузург аст.

Адолат Раҳмонова ва Рафиқа Мӯсоева аз ҷумлаи занҳои ғаюру ҷасуре ҳастанд, ки бо мавқеъгирии худ барои барқароркунии ҳокимияти конститутсионӣ саҳми муносиб гузоштанд ва иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи таърихӣ буданд. Онҳо нақши ин рӯйдоди таърихиро дар пойдории давлату миллати тоҷикон басо арзанда ва муҳим арзёбӣ намуданд.


Иштирокчии иҷлосия Абдуваҳҳоб Саидмуродов низ аз хотироти бою рангини худ ва саҳми Пешвои муаззами миллат дар марҳилаи бузурги созандагӣ ҳикоят намуд. Гуфта шуд, ки Иҷлосияи тақдирсоз кишварро аз ҳалокат раҳонида, зимоми давлатдориро ба дасти ҷавонмарди меҳнатпараст ва хирадманду худогоҳ- Эмомалӣ Раҳмон супорид. Минбаъд дар мамлакат марҳилаи рушди ҳамаи бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ шурӯъ гардид.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки бо ташаббусу корнамоӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик сарҷамъ шуда, дар муттаҳидӣ давлатро дар чашми аҳли олам бо рушду камоли беамсол ва симои биҳиштиаш рӯнамо карданд. Ҷавонон бояд бидонанд — бунёди ҷомеаи озод, ки барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам меорад, аз талаботи воқеияти имрӯза мебошад. Он ҳадафи бузурге, ки Пешвои миллат дар назди худ гузоштаанд, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон- аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза барои азхудкунии дастовардҳои илму техника, омӯхтани забонҳо, маърифати арзишҳои нави башарият кӯшишу ғайрат нишон медиҳанд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш Абдуҷаббор Азизӣ таъкид дошт, ки маҳз бо дарназардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургашон дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шуд.

Барои мо – ҳизбиён ҳаёт ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.

Бо шарофати ваҳдат, ягонагӣ ва ҳамдилӣ барои пешрафти иқтисодиёти ҳамаи минтақаҳо шароит фароҳам оварда шуда, дар саросари кишвари мо дигаргуниҳои бесобиқаи таърихӣ ба вуҷуд омаданд.

Сиёсати давлат ва Президенти муҳтарами мамлакат, ки амнияти осоиштагӣ, пешрафту сарсабзӣ ва беш аз пеш баланд бардоштани некуаҳволии халқро ҳадафи асосии худ қарор додаанд, аз ҷониби мардум гарму ҷӯшон истиқбол гардида, ҳамраъйӣ ва ҳамовозии комили ҷомеаро ба вуҷуд овардааст. Ин ҳадафҳои бузург ҳамаи моро ба меҳнати софдилона ва бунёдкориҳои нав ба нав илҳом мебахшад.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби ансамблҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балет барномаи рангини консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram