РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Завқӣ Завқизода ва Доминик Фавре татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

8 ноябр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Доминик Фавре оид ба кишварҳои Тоҷикистон, Швейтсария, Лаҳистон, Сербия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ З. Завқизода Доминик Фавреро ба муносибати ба вазифаи Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъйин шуданаш табрик карда, ба ӯ муваффақият орзу намуд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириҳои Бонки ҷаҳониро ҳамчун шарики рушди боэътимод барои инкишофи соҳаҳои иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ менамояд.

Дар вохӯрӣ З. Завқизода оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таъсири пайомадҳои манфии буҳронҳои глобалию энергетикии имрӯза ва тағйирёбии иқлим маълумот дод.

Вазир ҳамчунин аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дархост намуд, ки барои бамаротиб зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон, нақшаи зиддибуҳронии Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram